Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн ва бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Покистон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Нахуст дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Президенти мамлакат аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҷойгоҳи хоси Покистонро дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун шарики муътамад махсус таъкид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейнро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокирзода  ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Страницы