Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Нашр шуд. Душ, 25/09/2017 - 16:01Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аҳли илму адаб ва мухлисони зиёди фарҳанги рус маросими ботантанаи ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.