Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорк
Нашр шуд. Душ, 18/09/2017 - 10:49Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз шаҳри Ашқобод ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.