Тоҷикистон ва Чин: муносибатҳо ба сатҳи нав мебароянд
Нашр шуд. Ҷум, 01/09/2017 - 14:58Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз 30 август то 1 сентябри соли 2017 бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтанд. Ин мулоқоти дуюми сарони ду кишвари дӯст дар соли равон мебошад.
Чин шарики стратегии Тоҷикистон мебошад. Тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.