Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Нашр шуд. Ҷум, 26/04/2024 - 08:57Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи ин созмон дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки зардолу ҳамчун дарахти мевадиҳанда таърихи зиёда аз 4-ҳазорсола дошта, аз рӯи ақидаи олимон, ҳудуди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои пайдоиши он эътироф гардидааст.
Зардолу аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва ғизоию табобатӣ дорад. Таркиби бойи кимиёвии меваю донаки зардолу сабаб шудааст, ки он ҳамчун ғизои парҳезӣ эътироф гардад.