Нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно» дар Душанбе доир гардид
Нашр шуд. Пан, 07/09/2017 - 15:18Шоми дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно»-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов баргузор гардид. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, филм ба ифтихори 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи асари «Тангнои гетӣ» -и Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ва бо коргардонии Муҳиддини Музаффар дар ҳамкорӣ бо шабакаи СМ-1 шаҳри Хуҷанд таҳия гардидааст. Филм муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро инъикос менамояд. Қаҳрамони асосии филм писараке бо номи Армон аст, ки падараш баҳри ҷамъ кардани маблағ барои хатнасури ӯ ба Россия рафта, бедарак мешавад. Армон бо вуҷуди хурдсолӣ мардонавор ба мушкилиҳои рӯзгор тоб оварда, худ кӯшиш мекунад, ки барои