Таваҷҷӯҳ: Шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Тоҷикистон ба маҳвораи нав мегузаранд
Нашр шуд. Пан, 16/03/2017 - 13:35Ба таваҷҷуҳи тамошобинони шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон расонида мешавад, ки бинобар сабаби ба анҷом расидани муҳлати шартномаи пахш дар моҳвораи ABS-2, ҳамзамон заруриати ҷойгир намудани телевизионҳои навтаъсиси "Варзиш" ва "Синамо" дар моҳвора бо пахши дақиқияташ баланд (HD) бо ширкати "Yahlive" ва "Yahsat" қарордод ба имзо расонида шуд.