Хонандаи тоҷик Абдураҳмон Саидбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу — ҷитсуи бразилӣ ғолиб омад

Хонандаи синфи 9-и Гимназияи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Абдураҳмон Саидбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуи бразилӣ (Absolute Championship of Brazilian Jiu-Jitsu — World Open Championship 2023) дар вазни 55 кг ғолиб омада, медали тиллоро сазовор гардид.

Маркази барномаҳои байналмилалӣ: ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шуд

Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил аз рӯйи зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура, докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шудааст. 

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас мулоқот намуд

 Имрӯз, 16 январ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амният, нақлиёт, иқтисоду тиҷорат ва дигар самтҳо ҳамасола таҳким ёфта, рушди ҳамкорӣ

Страницы