Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии «Ҳилол»-ро ба истифода доданд
Нашр шуд. Пан, 26/10/2023 - 11:3826 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи якчанд иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии «Ҳилол»-ро ба истифода дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.