Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро ба истифода доданд
Нашр шуд. Душ, 23/10/2023 - 06:2520 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро ифтитоҳ намуданд.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар масоҳати 1,20 гектар аз ҷониби сокинони ватанпарвари ноҳияи Восеъ бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.
Баъди ба истифода додани ин маркази фарҳангӣ 10 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.