Истиқлолияти давлатӣ - рамзи олии Ватану ватандорӣ

«Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукӯҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Ин сана барои мо – тоҷикон рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад.

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар робита ба фарорасии ҷашни 26-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон м

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Дар нимаи дуюми 7 сентябри соли 2017 бо ибтикори ҷониби Туркия миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ сурат пазируфт.
Дар ибтидои суҳбат сарони ду давлат таманниёти неки худро ба ҳамдигар ба муносибати таҷлили санаи хотирмон дар

Нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно» дар Душанбе доир гардид

Шоми дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно»-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов баргузор гардид. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, филм ба ифтихори 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи асари «Тангнои гетӣ» -и Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ва бо коргардонии Муҳиддини Музаффар дар ҳамкорӣ бо шабакаи СМ-1 шаҳри Хуҷанд таҳия гардидааст. Филм муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро инъикос менамояд. Қаҳрамони асосии филм писараке бо номи Армон аст, ки падараш баҳри ҷамъ кардани маблағ барои хатнасури ӯ ба Россия рафта, бедарак мешавад. Армон бо вуҷуди хурдсолӣ мардонавор ба мушкилиҳои рӯзгор тоб оварда, худ кӯшиш мекунад, ки барои

Страницы