Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”
Нашр шуд. Пан, 17/08/2017 - 11:2517 августи соли 2017 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” аз наздик шинос шуда, бо коргарону мутахассисони он суҳбати самимӣ доир карданд.