Шиносоӣ бо корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ дар шаҳри Кӯлоб
Нашр шуд. Душ, 31/08/2015 - 13:16Аз маҳалли бунёди бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи кор ба корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ ташриф овард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳи коркарди шир, ки бо хати нави технологӣ муҷаҳҳаз шудааст, бо пахши тугма ба фаъолияти он асос гузошт.
Дар ин коргоҳ 12 нафар занону духтарон бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуда, дар як шабонарӯз 10 тонна шир коркард шуда, бештар
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои омӯзгорони Мактаби президентӣ дар шаҳри Кӯлоб
Нашр шуд. Душ, 31/08/2015 - 13:15Баъди ба истифода супоридани меҳмонхона дар маркази шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Ориёно ташриф овард.
Дар ин ҷо омӯзгорон ва толибилмони муассисаи таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар шафати бинои асосии
Ифтитоҳи Меҳмонхонаи Чанор дар шаҳри Кӯлоб
Нашр шуд. Душ, 31/08/2015 - 13:13Баъди ифтитоҳи бинои замонавии Нозироти андози Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр Меҳмонхонаи Чанорро барои 100 ҷой ифтитоҳ намуд.
Сохтмони меҳмонхона аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Комил-2010» ба анҷом расида, бо тарҳи муосир бунёд шудааст. Барои бунёди таҷҳизонидани меҳмонхона беш аз 46 миллион сомонӣ сарф гардид. Бино бо таҳхона ва мансард аз 13 ошёна иборат мебошад.
Акнун баъди бунёди меҳмонхона зиёда аз 100
Ифтитоҳи бинои нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб
Нашр шуд. Душ, 31/08/2015 - 12:07Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои панҷошёнаи нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб иштирок кард. Дар сари роҳ Сарвари давлатро сокинони шаҳр хеле гарму самимиӣ бо рақсу суруд пазироӣ карданд.
Сарвари давлат ба сару либоси бонувони ин шаҳри бостонӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба гиромидошти анъанаҳои неки аҷдодӣ ва риояи расму ойинҳои миллӣ ва дурӣ ҷустан аз бегонапарстӣ ҳидоят кард