Суханронӣ дар мулоқот бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3502 - и Вазорати корҳои дохилӣ
Нашр шуд. Пан, 28/08/2014 - 09:46Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлату миллат, кафили амнияту суботи кишвар ва тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ҳайати шахсии он аз замони таъсисёбӣ то имрӯз вазифа ва уҳдадориҳои хизматии худро содиқона ва софдилона иҷро карда истодаанд.