Ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши душанбегии СҲШ
Нашр шуд. Ҷум, 12/09/2014 - 19:00Шаҳри Душанбе бинобар баргузории ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмон тайи солҳои фаъолияти муассираш ба як ниҳоди басо соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба пойтахти Тоҷикистон роҳбарони давлатҳое ташриф оварданд, ки дар онҳо беш аз нисфи аҳолии кураи замин зиндагӣ дорад.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш дар пойтахти Тоҷикистон сарони ҳамаи 6 давлати аъзои