Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Нашр шуд. Шан, 27/04/2024 - 14:54Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат 1 май баргузор карда мешавад
Нашр шуд. Шан, 27/04/2024 - 14:52Боздид аз Осорхонаи Ватикан
Нашр шуд. Ҷум, 26/04/2024 - 17:3126 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи Ватикан маҷмӯи осорхонаҳоест, ки дар қаламрави давлати Ватикан ҷойгир аст.
Маҷмаи осорхонаҳо аз ҷониби попҳо бунёд шуда, асарҳои бадеии ҳунармандони гузашта, аз ҷумла асарҳои давраи Ренессансро дар бар мегиранд.
Таърихи таъсисёбии Осорхонаи Ватикан аз соли 1506 оғоз ёфта, соли 1771 кушода шудааст. Бунёдгузори Осорхонаҳо Папа Юлий II мебошад.