Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Нашр шуд. Ҷум, 26/04/2024 - 17:0026 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар саҳни ҳавлии Сан-Дамасо ба хотири истиқболи сазовари меҳмони олимақом Горди фахрӣ саф орост.
Дар бинои Тахти Олишаън Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Попи Рим Франсиск самимона истиқбол гирифт.
Дар вохӯрӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Попи Рим Франсиск масоили таҳкими ҳамкории судбахш баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст. Мардуми тоҷик, ки таърихан дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо рушди илму адаби ғании худ ҳиссаи намоён гузоштааст, аз ҳама гуна гуфтугӯҳои байнидинӣ ва байнитамаддунӣ истиқбол мекунад.