Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла
Нашр шуд. Сеш, 23/04/2024 - 19:3723 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот карданд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Президенти Италия “Квиринал” баргузор шуд.
Меҳмони олимақом - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни Қасри “Квиринал” Президенти Ҷумҳурии Италия самимона истиқбол гирифт.