Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Нашр шуд. Ҷум, 19/04/2024 - 16:49Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
Нашр шуд. Ҷум, 19/04/2024 - 16:2519 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе бо молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО шинос шуданд.
Дар Намоишгоҳи миллии маҳсулоти саноатии Узбекистон дар Тоҷикистон 200 ширкати истеҳсолию тиҷоратӣ 1500 намунаи маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ, атриёт, ашёи рӯзгор, 60 намуди техника, маҳсулоти полиграфӣ ва техникаи электронии маиширо ба маърази тамошо гузоштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар намоишгоҳ бо намунаҳои молу маҳсулот ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳои кишвари ҳамсоя шинос шуданд.
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Нашр шуд. Ҷум, 19/04/2024 - 13:4719 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Чорабинӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд.
Нахуст, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанберо расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сипас, ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи Сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон садо дод.