Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Нашр шуд. Пан, 11/04/2024 - 15:0611 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.