Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд
Нашр шуд. Чор, 13/03/2024 - 15:2713 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншоот шинос шуданд.
Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 14 маҷлисгоҳ, толори барҳаво бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона барои 200 нафар мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори соҳа супориш доданд, ки иншооти навро бо назардошти сохти меъмории замонавӣ, босифат, мусоид барои кору хизматрасонӣ ва дар муҳлати муайяншуда сохта, ба истифода диҳанд.