Дар Душанбе 112-солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик бошукуҳ таҷлил шуд
Нашр шуд. Душ, 11/03/2024 - 17:4311 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр мебошад. Имсол дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт 112-солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов
Нашр шуд. Душ, 11/03/2024 - 17:36Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.