Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

11 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро расонам.

Мо сатҳи имрӯзаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баланд арзёбӣ менамоем.

Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши минбаъдаи онҳо бар пояи арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ, рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар бори дигар таъкид намоям.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат

09.03.2024, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин мулоқот намуданд

9 март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд.

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ муайян гардиданд

 8 март дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ- гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Страницы