Эмомалӣ Раҳмон: «Раванди таъмини сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо беҳтарин шароиту имконият минбаъд низ идома меёбад»

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо изҳори нигаронӣ аз ҳолати имрӯзаи ҷаҳони муосир  иброз намуданд, ки «вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ торафт шиддат мегирад. Яъне вақтҳои охир инсоният ба марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке ворид шудааст, ки таърих чунин давраро ёд надорад».

Президенти Тоҷикистон: «Зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст»

Хотирнишон менамоям, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик далерона мубориза бурданд, аз имтиҳони ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафари онҳо ҷони худро қурбон карданд. Яъне зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам генералҳо,
афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни

Изҳорот пас аз маросими сарфарозгардонӣ бо мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон

Ташаккур, муҳтарам Рустам Нургалиевич.

Дӯстони азиз,

Ба Шумо, Рустам Нургалиевич, барои сарфарозгардонии ман бо Ордени «Дуслик» изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ин мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористонро, пеш аз ҳама, ба мардуми кишварам мансуб медонам.

Страницы