Дар Тоҷикистон нашъамандӣ дар байни шаҳрвандон, хусусан ҷавонон коҳиш ёфтааст

Зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023, ки имрӯз баргузор гардид, хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҳолат ва натиҷаҳои амалисозии марҳалаи якуми «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» пурсон шуд.Тавре роҳбарияти Агентӣ иттилоъ

КОРҲОИ ҶУЗЪИ ЧОРУМ ДАР НБО-И «РОҒУН». Маблағҳои қарзии Фонди саудии рушд барои анҷоми он нигаронида шудааст

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО-и «Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Фонди саудии рушд» мавриди баррасии вакилон қарор гирифта, ба овоз монда шуд ва қарор тасдиқ гардид. Созишнома аз ҳисоби маблағҳои қарзии Фонди саудии рушд, ки 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, амалӣ гардида, барои идомаи иҷрои корҳои

НАВРӮЗ-2024. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба ин ҷашни байналмилалӣ «Карнавали наврӯзӣ» доир мегардад

Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз — 2024 тасдиқ гардид. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 25 январи соли 2024 ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Тибқи ин қарор, бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ таҷлил намудани Ҷашни байналамилалии Наврӯз ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои худшиносиву худогоҳӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе «Карнавали наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва сайругашти идона доир мегарданд.

Ояндаи наздик Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ ба натиҷаҳои мутақобилан судманд ноил мешаванд

«Ояндаи наздик Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ  ба натиҷаҳои қобили қабул ва судманд ноил мешаванд»,-гуфт имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Жээнбек Кулубаев иброз дошт, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам

Страницы