Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

31 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири соли 2024 баррасӣ шуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар нуҳ моҳи соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзолбарорӣ оғоз бахшиданд

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ-и «Сарҷамъ» оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави саноатӣ бо ҳадафи таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, дар он 25 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ гардидаанд.

Дар ин корхона тавассути хатҳои нави технологӣ, истеҳсоли 2 намуди пойафзоли мавсимӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор талаботи зиёд доранд.

Корхонаи мазкур дар як сол имкон дорад то 366 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардона, занона ва кудаконаро бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол намояд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ва Мактаби санъати бачагонаи ба номи Мухтор Ашрафиро ифтитоҳ намуданд

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳаёти нави деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода супориданд.

Корҳои сохтмонии бинои иловагӣ соли 2023 оғоз гардида, барои сохтмону таҷҳизонидани он бештар аз 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар асоси лоиҳа бинои иловагӣ барои 650 нафар дар 2 баст пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити таълимии синфхонаҳо шинос шуда, омӯзгоронро ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳидоят намуданд.

Бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами-20 дорои 13 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бо фаъол гардидани бинои иловагии мактаб, дар маҷмуъ 28 омӯзгор фаъолияти пурсамар менамоянд.

Страницы