Сарвари давлат Садаро рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ номиданд
Нашр шуд. Якш, 28/01/2024 - 13:07Сада рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ ба ҳисоб рафта, рамзи асосии он гулхани фурӯзони оташ мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада иброз намуданд.
Дар идома гуфта шуд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада аз болои оташ паридану нияти саломативу тандурустиву рӯйсурхӣ намудан мебошад, ки то кунун дар байни мардум чун маросими «аловпарак» маъмул аст.