Ҷашни Сада яке аз ойинҳои басе деринаи мардуми тоҷик мебошад
Нашр шуд. Якш, 28/01/2024 - 13:01Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннат, расму ойин ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст. Чунин омадааст дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада.
Сарвари давлат вобаста ба ин иброз медоранд, ки ниёгони ориёитабори тоҷикон ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд.