Қонунгузории Тоҷикистон барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳоро муқаррар намудааст
Нашр шуд. Душ, 22/01/2024 - 15:29Имрӯз дар мамлакати мо зиёда аз 720 лоиҳаи сармоягузориҳои давлатӣ ба маблағи беш аз 13,8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст. Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.