Ахбор

Радиои «Садои Душанбе» - дастгоҳи идеологӣ ва минбари ҳифзи манфиатҳои миллӣ!

18-уми январи соли равон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи таъсисёбии радиои «Садои Душанбе» ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумита, меҳмонон ва кормандони зерсохторҳои Кумита иштирок намуданд.

25 СОЛ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН. «Садои Душанбе» яке аз маҳбубтарин шабакаҳои радиоии Тоҷикистон аст

Имрӯз ба таъсиси Радиои «Садои Душанбе» 25 сол пур шуд.

Радио дар ҳақиқат воситае аст, ки дар замони муосир ҳамчун рукни муҳимми маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикос ва ҷаҳонбинии мардум, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, пойдории адолат, дӯстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Шабакаи «Садои Душанбе» бо низоми муосир ва диди нав

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи томактабии хусусии «Ахтаракон»-ро ба истифода доданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Муассисаи  томактабии хусусии «Ахтаракон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав дар пойтахт иштирок намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими муаррифии 30 электробуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Страницы