Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот намуданд

8 январ дар шаҳри Теҳрон дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот намуданд.

Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона хайрамақдам гуфт.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз ёфт

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Теҳрон —  пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Теҳрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

3 НИШОНДИҲАНДАЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО БА ГУРӮҲИ «МАМЛАКАТҲОИ САБЗ» ДАР ҶАҲОН ВОРИД МЕСОЗАНД. Назари коршинос дар ин мавзуъ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2017 дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ муаррифӣ гардида буд, аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро соҳиб гардида  буд. Ҷолиби  таваҷҷуҳ аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати давлатҳое, ки давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, ба таври алоҳида таъкид гардид.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиён «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 ба 4 адад зиёд гардид

Имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Страницы