Ахбор

Дар Ботканд мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид

12 январи соли 2024 дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ». Шарҳи коршиносон доир ба ҳадафҳои эълони ин сол

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Чунин нигоштаанд ҳуқуқшинонсони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мақолаашон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО баргузор гардид

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссия Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти комиссия дар соли 2023 ва нақшаи корӣ барои соли 2024 баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ- ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии мамлакат ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи кушодани Намояндагии доимии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид
оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) кушода шавад.

Страницы