Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ шинос шуданд
Нашр шуд. Пан, 14/12/2023 - 15:4314 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои бунёди филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос шуданд.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки бунёди филиали донишгоҳи мазкур дар ноҳияи Данғараро ба роҳ монад.