Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири ҶДММ «Сомон Агро Саноат»-ро мавриди истифода қарор доданд
Нашр шуд. Пан, 14/12/2023 - 16:5014 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Агро Саноат»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Сардхона дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории ширкати «Сомон Агро Саноат» бунёд гардида, имкони дар шароити хуб нигоҳубини то 2 ҳазор тонна меваю сабзавотро доро мебошад.