ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Онҳо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд
Нашр шуд. Чор, 13/12/2023 - 09:47Ҳанӯз дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мушкилиҳо ба назар мерасанд. Бештари онҳо дар ноҳияҳо ҷойгиранд ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо барои ҳифзи ин мавзеъҳо бояд масъулият эҳсос намоянд, аммо на ҳамеша чунин аст. Аз беаҳамиятии онҳо баъзан замини ёдгориҳо барои сохтмон ё замини кишт истифода мешаванд.