Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд
Нашр шуд. Сеш, 05/12/2023 - 18:495 декабр дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров — бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик» баргузор гардид.
Кори ҳамоиши сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан дод.