Ахбор

Президенти Озарбойҷон дар доираи баргузории Намоишгоҳи СПЕКА ба Павилиони Тоҷикистон баҳои баланд дод

Дар доираи баргузории Ҳафтаи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) 22-25 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои давлатҳои аъзои СПЕКА мегузарад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Иштирокчиёни намоиш давлатҳои аъзои СПЕКА – ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар «Маркази ЭКСПО-и ба номи Гейдар Алиев»,  дар масоҳати зиёда аз 4 ҳазор метри мураббаъ павилионҳои худро бо тарҳи миллӣ оро дода, молу маҳсулоти ватании худро ба маърази тамошо гузоштаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку бо Намоишгоҳи СПЕКА шинос шуданд

24 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Намоишгоҳи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои давлатҳои аъзои СПЕКА дар ҳошияи саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз 22 то 25 ноябр баргузор мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот доир намуданд.

Пешвои миллат, аз ҷумла таъкид намуданд, ки мо ба муносибатҳои боэътимоди байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо баҳои баланд медиҳем.

Таъкид карда шуд, ки соли равон сарфи назар аз тамоюлоти буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷонибаи мо хеле бобарор буд.

Роҳбари давлат тазаккур доданд, ки яке аз падидаҳои муҳимми он – сафари давлатии муҳтарам Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Форуми СҲШ “Соли сайёҳӣ 2023” дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии мардумии Чин

Рӯзҳои 23-26 ноябри соли равон дар яке аз марказҳои асосии сайёҳии Чин, шаҳри таърихии Урумчии ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони "Соли сайёҳӣ 2023" баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки
Анҷумани СҲШ «Соли сайёҳӣ-2023» нахустин ҳамоиши мавзӯӣ аз ҷониби Котиботи СҲШ ва ҳукумати халқии ноҳияи мухтори Шинҷон Уйғур дар Чин дар чаҳорчӯби Соли сайёҳии СҲШ мебошад, ки аз ҷониби сарони давлатҳо зимни баргузории Ҷаласаи Шӯрои ...

Страницы