Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
Нашр шуд. Ҷум, 24/11/2023 - 17:1524 ноябр дар шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид.
Дар кори Саммит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози суханронӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои дар сатҳи баланд доир намудани Саммит ва меҳмоннавозии гарм ибрози миннатдорӣ намуда, ҳамзамон Озарбойҷони бародарро бо мизбонии муваффақона дар СПЕКА муборакбод гуфтанд.