Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ба истифода доданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — шаҳраки Ғафуров дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.

Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. 15 ноябр маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ баргузор мешавад.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид

Субҳи 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи якчанд иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Страницы