Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Сеш, 14/11/2023 - 13:4314.11.2023. Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва роҳбарони сохторҳои Кумита ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд. Нахуст муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, суханро ба директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор дод, ки ҳамчунин ба чорабинӣ ба сифати мутахассиси масоили ҳуқушиносӣ даъват шуда буд.