ТЕАТР- ПАЙВАНДГАРИ МАЪНАВИИ НАСЛҲО. Дар Душанбе Рӯзи театри тоҷик бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Нашр шуд. Чор, 08/11/2023 - 16:43Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 ноябр бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону кормандони театру муассисаҳои фарҳангии мамлакат дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Рӯзи театри тоҷик бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳунармандон ва дӯстдорони ҳунари волои театрро бо фарорасии ин рӯз самимона табрик намуда, даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро давраи пешрафт ва густариши театри тоҷик номид.