КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА САОДАТУ СОЗАНДАГӢ. Он воқеан ҳам ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст, зеро бо аксарияти мутлақи раъйи мардум қабул гардидааст
Нашр шуд. Пан, 02/11/2023 - 12:29Дар фазои сулҳу амнияти комил ва авҷи саодату шукуфоӣ мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 6 ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсия бо шукуҳу ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузории комил аз дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил менамоянд.