Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи нассоҷии ҶДММ «Арвис»-ро ифтитоҳ намуданд
Нашр шуд. Чор, 01/11/2023 - 15:3431 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.
Корхонаи нав, ки дар асоси технологияи замонавӣ бунёд гардидааст, ба истеҳсоли матои патдор ва маҳсулоти тайёри патдор, аз қабили намудҳои гуногуни сачоқ, халат барои тамоми синну сол ва дигар номгӯи маҳсулот машғул мебошад.