Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсолии «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» оғоз бахшиданд
Нашр шуд. Чор, 01/11/2023 - 15:3431 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ»-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар маҳаллаи “Деҳқонобод-2”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар масоҳати 5 гектар бунëд шуда, аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меëбад.