Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот намуданд
Нашр шуд. Пан, 26/10/2023 - 15:0626 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо зиёда аз 60 нафар ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд.