Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро ифтитоҳ намуданд
Нашр шуд. Пан, 26/10/2023 - 15:0726 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот бо назардошти талаботи замони муосир дар масоҳати умумии 7 садяк замин бунёд шудааст. Масоҳати худи бино бо назардошти иншооти ёрирасон 125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.