Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳосила» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд
Нашр шуд. Пан, 26/10/2023 - 15:0326 октябр Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳосила”-и деҳоти Чоргултеппа шинос шуданд.
Хоҷагии деҳқонӣ дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амниятии озуқаворӣ таъсис дода шудааст.
Кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ду-се ҳосил ба даст оварда, дар баробари таъмини сокинони ноҳия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бозори истеъмолии пойтахтро низ таъмин менамоянд.