Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо ҷараёни кишти тирамоҳӣ ва самараи меҳнати кишоварзон шинос шуданд

25 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо ҷараёни кишти тирамоҳӣ ва самараи меҳнати кишоварзон шинос шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни кишти тирамоҳӣ ва нашъунамои сабзавот дар Хоҷагиҳои деҳқонии “Лола”, “Манзура” ва “Қодир”-и деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат шинос шуданд.

Хоҷагидорони деҳоти Абдулло Абдулвосиев кишти тирамоҳии пиёз ва ғалла гузаронида, заминро барои анҷом додани кишти картошкаи барвақтӣ омода намудаанд.

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимии МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави иловагии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имкониятҳои васеи илму касбомӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони дорои маълумоти миёнаи касбӣ дар соҳаи тиб роҳнамоӣ карданд.

Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон зеботарин сарзамин буда, бо кӯҳҳои сарбаафлок, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад»

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрўз, 24 октябр Рўзи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» аз нахустин ташрифи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон, ки 11 июни соли 2017 бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» (12 июни соли 2017) амалӣ гардид, ёдовар мешавад.

11 июни соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

«РИВОЯТҲОИ ҶОВИД» ДАР «ЧОДАРИ ХАЁЛ». Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак дар Душанбе бо ин намоиш оғоз ёфт

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо намоиши «Ривоятҳои ҷовид»-и ҳунарпешагони Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон кушода шуд.

Дар саҳни театр меҳмононро роҳбарияти Вазорати

Страницы