Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи узвият дар Созмони ҷаҳонии савдо маълумот дода шуд

23 октябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи сатҳи баланд оид ба омодагӣ ба Конфронси 13-уми вазирони Созмони ҷаҳонии савдо баргузор гардид, ки дар кори он муовини Ввазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода иштирок ва сухан намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо...

Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фуруғи маърифат» оғоз гардид

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Шокир хабар дод.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  литсей ва гимназияҳо, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, намояндагони касбу кори гуногун

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори якчанд давлати хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд

23 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори якчанд давлати хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Туркманистон Аймурад...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ифтитоҳ намуданд

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ноҳия шинос шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 5 гектар боғи интенсивии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чилдухтарон» ва ҳолати нашъунамои меваҳои боғ, ки асосан себро ташкил медиҳад, шинос шуданд.

Страницы