Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ пойгоҳи обкаширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Нашр шуд. Душ, 23/10/2023 - 06:28Нимаи дуюми рӯзи 20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ пойгоҳи обкашӣ воқеъ дар деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.